Он Кист Он Он Кист Он К-Ӯ Синаро Ғамгин Кунад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Он кист он, он кист он, к-ӯ синаро ғамгин кунад!
Чун пеши ӯ зорӣ кунӣ, талхи туро ширин кунад?!
Аввал намояд мори кар, охир бувад ганҷи гуҳар,
Ширин шаҳе, к – ин талхро дар дам накӯойин кунад!
Деве бувад, ҳураш кунад, мотам бувад, сураш кунад,
В-он кӯри модарзодро донову оламбин кунад!
Торикро равшан кунад в – он хорро гулшан кунад,
Хор аз кафат берун кашад в – аз гул туро болин кунад!
Баҳри Халили хештан оташ диҳад афрӯхтан
В – он оташи Намрудро ушкуфаву насрин кунад!
Равшанкуни исторагон, чорагари бечорагон,
Бар банда ӯ иҳсон кунад, ҳам бандаро таҳсин кунад!
Ҷумла гуноҳи муҷримон чун барги дай резон кунад,
Дар гӯши бадгӯёни худ узри гунаҳ талқин кунад!
Гӯяд, бигӯ: “Ё зулвафо, ағфар лазанби қадҳафо”,
Чун банда ояд дар дуъо, ӯ дар ниҳон омин кунад!
Омини ӯ он аст, к – ӯ андар дуъо завқаш диҳад,
Ӯро буруну андарун ширину хуш чун тин кунад!
Завқ аст, к – андар неку бад дар дасту по қувват диҳад,
К – ин завқ зӯри Рустамон ҷуфти тани мискин кунад!
Бо завқ мискин Рустаме, бе завқ Рустам пурғаме,
Гар завқ набвад, ёри ҷон, ҷонро чӣ ботамкин кунад?!
Дилро фиристодам ба гаҳ, к – ӯ тез донад рафту раҳ,
То сӯйи Табрези вафо авсофи Шамсуддин кунад!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *