Он Раҳ Ки Биёмадам Кадом Аст – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Он раҳ, ки биёмадам, кадом аст,
То боз равам, ки кор хом аст?!
Як лаҳза зи кӯйи ёр дурӣ
Дар мазҳаби ошиқон ҳаром аст!
Андар ҳама диҳ агар касе ҳаст,
Валлаҳ, ки ишорате тамом аст!
Саъва зи куҷо раҳад, ки симурғ
Побастаи ин шигарф дом аст?!
Оворадило, маё бад-ин сӯй,
Он ҷо бинишин, ки хуш мақом аст!
Он нуқл гузин, ки ҷонфазой аст,
В-он бода талаб, ки боқивом аст!
Боқӣ ҳама бӯву нақшу ранг аст,
Боқӣ ҳама ҷангу нангу ном аст!
Хомӯш куну зи пой биншин,
Чун мастиву ин канори бом аст!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *