Ай зиндагии боғҳо в-ай рангбахши марду зан!
Ҳон, ай сабои хубхад, андар рикобат меравад
Оби равону сабзаҳо в-аз ҳар тараф ваҷҳулҳасан!
Дардёдиливу равшанӣ, бар хушку бар тар мезанӣ,
Ӯ сахт хушк асту сияҳ, бар вай мазан аз баҳри ман!
Ман хирарӯтар омадам, бар ҷуди ту роҳе задам,
Ин кай тавонад гуфт гул бар лола ё сарву суман?!
Ай боғ созу даст не, чун ақл фавқу паст не,
Ҳастӣ чу наҳли хонакан ё ҷони миъмори бадан?!
Хоҳӣ, ки маъникаш шавам, рав, сабр кун, то хуш шавам,
Ранҷур бастафан бувад, хоса дар ин борик фан!