Аз паси чор парда чун хуршед!
Хунук ӯро, ки шуд бараҳна зи буд,
Вой онро, ки ҷуст сояи бед!
Дил сапед асту ишқро рӯ сурх,
З-он сапедӣ, ки нест сурху сапед!
Ишқ эман вилоятест, чунон-к
Тарсро нест андар ӯ уммед!
Ҳар ҳаёте, ки як дамаш умр аст,
Чун барояд зи ишқ, шуд ҷовид.
Як арӯсест бар фалак, ки мапурс,
Вар бипурсӣ, бипурс аз Ноҳид!
З-ин арӯсӣ хабар надошт касе,
Омаданд анбиё ба расми навид!
Шамси Табрез хусрави аҳд аст,
Хусравонро, ҳала, ба ҷон бихаред!