Чун дил накушояд дар, онро асабе бошад!
Рӯ бар дари дил биншин, к-он дилбари пинҳонӣ
Вақти саҳаре ояд ё нимашабе бошад!
Ҷоне, ки ҷудо гардад, ҷӯёи Худо гардад,
Ӯ нодирае бошад, ӯ булъаҷабе бошад!
Он дида, к-аз ин айвон айвони дигар бинад,
Соҳибназаре бошад, ширинлақабе бошад!
Он кас, ки чунин бошад, бо рӯҳ қарин бошад,
Дар соъати ҷон додан ӯро тарабе бошад!
Пояш чу ба санг ояд, дурреш ба чанг ояд,
Ҷонаш чу ба лаб ояд, бо қандлабе бошад!
Чун тоҷи мулуконаш дар чашм намеояд,
Ӯ бе падару модар олинасабе бошад!
Хомӯш куну ҳар ҷо исрор макун пайдо,
Дар ҷамъи сабукрӯҳон ҳам Бӯлаҳабе бошад!