Дӯш дилам сӯйи дилафрӯз шуд.
Чун ба сухан дошт маро дӯш ёр,
Чун ба дами гарм ҷигарсӯз шуд.
Ман чи занам бо даму бо макри ӯ,
К-ӯ ба дағал бар ҳама пирӯз шуд!
Ин дили ман содаву бемакр буд,
Дид дағоҳо-ш, бадомӯз шуд!
Ҳар чи ба олам хушии шаҳват аст,
Ҳамчу панир офати ҳар юз шуд!
Оҳ, ки шаб ҷумла дар ин ваъда рафт,
Бӯса диҳам, бӯса диҳам, рӯз шуд!
Ёри бараҳна ба қабо майл кард,
Ақл дигар бор камардӯз шуд!