Бо фараҳи васли дӯст, бо қадаҳи шаҳдбор!
Дастзанон ақли кул, рақскунон ҷузву кул,
Саҷдакунон сарву гул бар тарафи сабзазор!
Баҳр аз ин дамбаҷӯш, кӯҳ аз ин лаълпӯш,
Нӯҳ аз ин дар хурӯш, рӯҳ аз ин шармсор!
Ай хиради дурбин, соқии чун ҳур бин,
Бодаи Мансур бин, ҷону диле беқарор!
Бишнав аз чаппу рост мужда, саъодат турост,
Бахт сафо дар сафост, то ту, туйӣ ихтиёр!
Пардаи гардун бидар, ниъмати ҷаннат бихар,
Об бизан бар ҷигар, ҳур бикаш дар канор!
Ҳар чи бар асҳоби ҳол бошад аввалхаёл,
Гардад охир висол, чунки дарояд нигор!