Наззораи ту бар ҳама ҷонҳо муборак аст!
Як лаҳза соя аз сари мо дуртар макун,
Донистайӣ, ки сояи анқо муборак аст?!
Ай навбаҳори ҳусн, биё, к – он ҳавои хуш
Бар боғу роғу гулшану саҳро муборак аст!
Ай сад ҳазор ҷони муқаддас фидои ӯ,
К-ояд ба кӯйи ишқ, ки он ҷо муборак аст!
Савдоием аз туву баттолу кӯбакӯ,
Маро чунин батолату савдо муборак аст.
Ай бастагони тан, ба тамошои ҷон равед,
К-охир расул гуфт: “Тамошо муборак аст!”
Ҳар баргу ҳар дарахт расулест аз адам,
Яъне, ки киштҳои мусаффо муборак аст!
Чун баргу чун дарахт бигуфтанд безабон,
Бе гӯш бишнавед, ки инҳо муборак аст!
Ай ҷони чор унсури олам, ҷамоли ту
Бар обу боду оташу ғабро муборак аст!
Яъне, ки ҳар чи корӣ, он гум намешавад,
Кас тухми дин накорад, илло муборак аст!
Саҷда барам, ки хоки ту бар сар чу афсар аст,
По дарниҳам, ки роҳи ту бар по муборак аст!
Меоядам ба чашм ҳамин лаҳза нақши ту,
Валлаҳ хуҷаста омаду ҳаққо, муборак аст!
Нақше, ки ранг баст аз ин хок, бевафост,
Нақше, ки ранг баст зи боло, муборак аст!
Бар хокиён ҷамоли баҳорон хуҷаста аст,
Бар моҳиён тапидани дарё муборак аст!
Он офтоб, к – аз дил дар синаҳо битофт,
Бар аршу фаршу гунбади хазро муборак аст!
Дилро маҷол нест, ки аз завқ дам занад,
Ҷон саҷда мекунад, ки Худоё, муборак аст!
Ҳар дил, ки бо ҳавои ту имшаб шавад ҳариф,
Ӯро, яқин бидон ту, ки фардо муборак аст!
Бифзо шароб хомушу моро хамӯш кун,
К-андар дарун нуҳуфтани ашё муборак аст!