Равшании Хона Туйӣ Хона Бимагзору Марав – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Равшании хона туйӣ, хона бимагзору марав,
Ишрати чун шаккари моро ту нигаҳ дору марав!
Ишва диҳад душмани ман, ишваи ӯро машунав,
Ҷону диламро ба ғаму ғусса бимаспору марав!
Душмани морову туро, баҳри Худо, шод макун,
Ҳилаи душман машунав, дӯст маёзору марав!
Ҳеч ҳасуд аз пайи кас нек нагӯяд, санамо,
Он чи сазад аз карами дӯст, ба пеш ору марав!
Ҳамчу хасон ҳар нафасе хеш ба ҳар бод мадиҳ,
Васвасаҳоро бизан оташ ту ба як бору марав!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *