Роз Чун Бо Ман Нагӯяд Ёри Ман – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Роз чун бо ман нагӯяд ёри ман,
Банд гардад пеши ӯ гуфтори ман!
Узр мегӯяд, ки яъне хомушам,
Бо ту мегӯяд дили ҳушёри ман!
Бо касе дигар забон гардад ҳама,
Сирри худ мегӯяду асрори ман!
Гар бигӯяд в-ар нагӯяд рози ман,
Дил надорад сабр аз дилдори ман!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *