Чун маро девона кардӣ, гӯш дор!”.
Гуфт: “Бингар, гӯши ман дар ҳалқаест,
Бастаи он ҳалқа шав чун гӯшвор!”.
Зуд бурдам даст сӯйи ҳалқаҳо-ш,
Даст бар ман зад, ки даст аз ман бидор!
Андар ин ҳалқа ту он гаҳ раҳ барӣ,
К-аз сафо дурре шавӣ ту шоҳвор!
Ҳалқаи заррини ман в-он гаҳ шабаҳ!
Кай равад бар чарх Исо бо ҳимор?!