Рози Ту Фош Мекунам Сабр Намонд Беш Аз Ин – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Рози ту фош мекунам, сабр намонд беш аз ин,
Беш фалак намекашад дарди марову не замин!
Ин дили ман чи пурғам аст в-он дили ту чи фориғ аст,
Он рухи ту чу хуби Чин в-ин рухи ман пур аст чин!
То ки бисӯзад ин ҷаҳон, чанд бисӯзад ин дилам,
Чанд бувад, буто, чунон, чанд гаҳе бувад чунин?!
Сирри ҳазорсоларо мастаму фош мекунам,
Хоҳ бибанд дидаро, хоҳ кушову хуш бибин!
Шӯри маро чу дид маҳ, омад сӯйи ман зи раҳ,
Гуфт: “Мадиҳ зи ман нишон, ёри туему ҳамнишин!”
Хира бимонд ҷони ман дар рухи ӯ дамеву гуфт:
“Ай санами хуши хушин, ай бути обу оташин!
Ай рухи ҷонфазойи ӯ баҳри Худо ҳамон, ҳамон,
Мутриби дилрабойи ман, баҳри Худо, ҳамин, ҳамин!
Ишқи туро чу мафрашам, об бизан бар оташам,
Ай маҳи ғайби он ҷаҳон дар Табрез – Шамси дин!”
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *