Рӯйи Некат Бад Кунад Ман Некро Бар Бад Ниҳам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Рӯйи некат бад кунад, ман некро бар бад ниҳам,
Ошиқе бас пухтаам, ин нангро бар х(ва)д ниҳам!
Нанги ошиқ танг дорад аз ҳама фахри ҷаҳон,
Нангро ман бар сари он ишрати беҳад ниҳам!
Илм чун чодар кушояд, дар барам гӯяд ба лутф,
Ҳарфҳои илмро бар гардани абҷад ниҳам!
Тоҷи заррин чун ниҳод аз ошиқӣ бар фарқи ман,
Тахти худро ман барорам, бар сари Фарқад ниҳам!
Чун дар оби зиндагонӣ суратам пинҳон шавад,
Сурати худро ба пеши сурати Аҳмад ниҳам!
Номи Шамсуддини Табрезӣ чу бинвисам, бидон-к
Шаккари дилхоҳро дар ишками коғаз ниҳам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *