То чи бошад оқибатшон войи дил, ай войи дил!
Гар амон хоҳӣ, амоне надҳатат он беамон,
Мекашад ҷонро аз ин гил то ба сар болойи дил!
Ҳар навоҳӣ фавҷ-фавҷ андар гаве ё пуштае,
Гоҳ пушта, гоҳ гав аз чист?! Аз ғавғойи дил!
Қулзуми рӯҳ аст дил ё киштии Нӯҳ аст дил?!
Мавҷ-мавҷи хун фарози ҷӯшишу гармойи дил.
Шӯри майнӯшон нигар в-он нури хомӯшон нигар,
Ҷумлагӣ саргашти он, к-ӯ мурд андар пойи дил!
Гирди модар мепарӣ, ай рашки Моҳу Муштарӣ,
Омадӣ, то дил барӣ, ай Қофу ай Анқойи дил!
Ай, ки колева нагаштӣ дар ҷаҳон бо парри ҷон,
Ҳеч дидӣ шевае ту лойиқи савдои дил?!