Ҷон сипар кардам, валекин тир кам зан бар сипар!
Ин ҷигар аз тирҳо шуд ҳамчу пушти хорпушт,
Раҳм кардӣ ишқи ту, гар ишқро будӣ ҷигар!
Ман раҳо кардам ҷигарро, ҳар чи хоҳад, гӯ, бишав,
Бар даҳонам зан, агар ман з-ин сухан гӯям дигар!
Бандаи соқийи ишқам, масти он дурдии дурд,
Гӯшае сармаст хуфтам, фориғам аз хайру шар!
Гар биёяд ғам, бигӯям, он ки ғам мехӯрд, рафт,
Рав ба бозору рубобе аз барои ман бихар!