Мастона шуд ҳадисаш, печида шуд забонаш!
Гаҳ мефитад аз ин сӯ, гаҳ мефитад аз он сӯ,
Он кас, ки маст гардад, худ ин бувад нишонаш!
Чашмаш балои мастон, моро аз ӯ матарсон,
Ман мастаму натарсам аз чӯби шаҳнагонаш!
Ай ишқ, Иллаҳ-Иллаҳ, сармаст шуд шаҳаншаҳ,
Барчаҳ, бигир зулфаш, даркаш дар ин миёнаш!
Андешае, ки ояд дар дил зи ёр, гӯяд:
“Ҷон бар сараш фишонам, пурзар кунам даҳонаш!
Он рӯйи гулситонаш в-он булбули баёнаш
В-он шеваҳо-ш, ё Раб, то бо кӣ аст онаш?!
Ин сураташ баҳона-ст, ӯ нури осмон аст,
Бигзар зи нақшу сурат, ҷонаш хуш аст, ҷонаш!
Дайро баҳор бахшад, шабро наҳор бахшад,
Пас, ин ҷаҳони мурда зинда-ст аз он ҷаҳонаш!