Сару По Гум Кунад Он Кас Ки Шавад Дилхуш Аз Ӯ – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Сару по гум кунад он кас, ки шавад дилхуш аз ӯ,
Дил кӣ бошад, ки нагардад ҳамагӣ оташ аз ӯ?!
Гирди он ҳавз ҳамегардиву ошиқ шудайӣ,
Чун шудӣ ғарқи шакар, рав, ҳама тан мечаш аз ӯ!
Чун сабӯйи ту дар он ишқу кашокаш бишикаст,
Бар лаби чашма даҳон мениҳу хуш мекаш аз ӯ!
Асале ҷӯшад аз он хум, ки на дар шаш ҷиҳат аст,
Панҷ ангушт билесанд кунун ҳар шаш аз ӯ!
Он чӣ об аст, к-аз ӯ ошиқи пуроташу бод
Аз ҳавас ҳамчу замин хок шуду мафраш аз ӯ?!
Оҳи ошиқ зи чӣ сӯзад тутуқи гардунро?!
З-он ки мехезад он оташу он оҳаш аз ӯ!
Шамси Табрез, ки ҷон дар ҳаваси ӯ бигирист,
Гашт зебову дилорому латифу каш аз ӯ!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *