Сер Гаштам Зи Нозҳои Хасон – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Сер гаштам зи нозҳои хасон,
Камзанам ман чу равғани баласон!
Баъд аз ин шаҳдро ниҳон дорам,
То наяфтанд андар ӯ магасон!
Хешро баъд аз ин чунон дуздам,
Ки набинанд мар маро асасон!
Ҳар замон ҷониби дигар тозам,
Бе рақибону соҳибону касон!
Ай Худо, дар ту чун гурехтаам,
Инчунин қавмро ба ман марасон!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *