Сӯфиёнем Омада Дар Кӯйи Ту – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Сӯфиёнем омада дар кӯйи ту,
Шайюлиллаҳ аз ҷамоли рӯйи ту!
Аз аташ ибриқҳо овардаем,
К-оби хубе нест ҷуз дар ҷӯйи ту!
Ҳо, бидиҳ чизе ба дарвешони хеш,
Ай ҳамеша лутфу раҳмат хӯйи ту!
Ҳусни Юсуф қути ҷон шуд соли қаҳт,
Омадем аз қаҳт мо ҳам сӯйи ту!
Сӯфиёнро боз ҳалво орзуст
Аз лаби ҳалвойии дилҷӯйи ту!
Валвала дар хонақоҳ афтод дӯш,
Мушкпур шуд хонақоҳ аз бӯйи ту!
Даст бикшо ҷониби занбили мо,
Офарин бар дасту бар бозӯйи ту!
Шамси Табрезӣ! Туйӣ хони карам,
Сер шуд кавну макон аз тӯйи ту!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *