Табиби Дарди Бедармон Кадом Аст – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Табиби дарди бедармон кадом аст!
Рафиқи роҳи бепоён кадом аст?!
Агар ақл аст, пас девонагӣ чист?!
Вагар ҷон аст, пас ҷонон кадом аст?!
Чароғи оламафрӯзи мухаллад,
Ки не куфр асту не имон, кадом аст?!
Пур аз дурр аст баҳри лоязолӣ,
Дарунаш гавҳари инсон кадом аст?!
Ғуломона – ст ашёро қабоҳо,
Миёни бандагон султон кадом аст?!
Яке ҷузви ҷаҳон худ беғараз нест,
Табиби ишқро дуккон кадом аст?!
Хирад оҷиз шуд андар фикри оҷиз,
Ки саркаш кист, саргардон кадом аст?!
Бути мавзун ба бутхона басе ҷуст,
Ки мавзунотро мизон кадом аст!
Чи қибла кардайӣ ин гуфтугӯро?!
Талаб кун, дарси хомӯшон кадом аст?!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *