Тараб Андар Тараб Аст Ӯ Ки Дари Ақл Шикаст Ӯ – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Тараб андар тараб аст ӯ, ки дари ақл шикаст ӯ,
Ту бибин қудрати Ҳақро, чу даромад хушу маст ӯ!
Ҳама имрӯз чунонем, ки сар аз пой надонем,
Ҳама то ҳалқ дароем, дар ин ҳалқа нишаст ӯ!
Чу чунин бошад маҳрам, кӣ хурад ғам, кӣ хурад ғам?!
Ба сабӯ диҳ майи хушдам, ки қадаҳро бишикаст ӯ!
Шаҳи ман бода фиристад, ба чи рӯ менапарастам?!
Ҳала, ай мутриб, баргӯ ки «Зиҳӣ, бодапараст ӯ!».
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *