То Ба Ҷон Масти Ишқи Он Ёрам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

То ба ҷон масти ишқи он ёрам,
Сардиҳи бодаҳои анворам!
Ҳар даме гар на ҷони нав диҳадам,
Ай дил, аз ҷони хеш безорам!
Гирди он маҳ чу чарх мегардам,
Пас, дигар чист дар замин корам?!
Бар сари коргоҳи хубӣ буд,
Сӯзанаш кардааст чун торам!
Сӯзанам чанг шуд аз ӯ дар тор,
То ба овози зер мезорам!
То ман ин коргоҳи оламро,
К-ӯ ҳиҷоби Ҳақ аст, бардорам!
То бисӯзам ҳиҷоби ғафлату хоб
З-оташи чашмҳои бедорам!
То биёбам зи Шамси Табрезӣ
Сиҳҳати ин замири беморам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *