То Боди Саъодат Зи Муҳаммад Хабар Афканд – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

То боди саъодат зи Муҳаммад хабар афканд,
З-он мардиву з-он ҳамла шақоват сипар афканд!
Аз ҳоли гадо нест аҷаб, гар шавад ӯ паст,
Теғи ғами ту аз сари сад шоҳ сар афканд!
Рӯзе писари Адҳам андар пайи оҳу
Монанди фалак маркаби Шабдез барафканд!
Додӣш яке шарбат, к-аз лаззату бӯяш
Мастиш ба сар даршуду аз асп дарафканд!
Гуфтанд ҳама кас ба сари кӯҳи таҳайюр:
“Мискин писари Адҳам тоҷу камар афканд!”.
Аз номи ту буд он, ки Сулаймон ба яке мурғ
Дар мулкати Билқис шикӯҳу зафар афканд!
Аз ёди ту буд он, ки Муҳаммад ба ишорат
Ғавғои ду нима шудан андар қамар афканд!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *