То Ки Асиру Ошиқи Он Санами Чу Ҷон Шудам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

То ки асиру ошиқи он санами чу ҷон шудам,
Дев наям, парӣ наям, аз ҳама чун ниҳон шудам?!
Барф будам, гудохтам, то ки маро замин бихӯрд,
То ҳама дуди дил шудам, то суйи осмон шудам!
Нестам аз равонҳо, барҳазарам зи ҷонҳо,
Ҷон накунад ҳазар зи ҷон, чист ҳазар, чу ҷон шудам?!
Он ки касе гумон набурд, рафт гумони ман бад-ӯ,
То ки чунин ба оқибат бар сари он гумон шудам!
Аз сари бехудӣ дилам дод гувоҳие ба даст,
Ин дили ман зи даст шуд в-он чи бигуфт, он шудам!
Ин ҳама нолаҳои ман нест зи ман, ҳама аз ӯст,
К-аз мадади майи лабаш бедилу безабон шудам!
Гуфт: “Чаро ниҳон кунӣ ишқи маро, чу ошиқӣ?!”,
Ман зи барои ин сухан шуҳраи ошиқон шудам!
Ҷону ҷаҳон, зи ишқи ту рафт зи даст кори ман,
Ман ба ҷаҳон чӣ мекунам, чун ки аз ин ҷаҳон шудам?!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *