Ту маро ганҷи равонӣ, чӣ кунам суду зиёнро?!
Нафасе ёри шаробам, нафасе ёри кабобам,
Чу дар ин даври харобам, чӣ кунам даври замонро?!
Зи ҳама халқ рамидам, зи ҳама боз раҳидам,
На ниҳонам, на падидам, чӣ кунам кавну маконро?!
Зи висоли ту хуморам, сари махлуқ надорам,
Чу туро сайду шикорам, чӣ кунам тиру камонро?!
Чу ман анадар таги ҷӯям, чӣ равам, об чӣ ҷӯям?!
Чӣ тавон гуфт, чӣ гӯям сифат ин ҷӯйи равонро?!
Чу ниҳодам сари ҳастӣ, чӣ кашам бори куҳеро?!
Чу маро гург шубон шуд, чӣ кашам нози шубонро?
Чӣ хушӣ ишқ, чӣ мастӣ, чу қадаҳ бар кафи дастӣ,
Хунук он ҷо, ки нишастӣ, хунук он дидаи ҷонро!
Зи ту ҳар зарра ҷаҳоне, зи ту ҳар қатра чу ҷоне,
Чу зи ту ёфт нишоне, чӣ кунад ному нишонро?
Ҷиҳати гавҳари фойиқ ба таги баҳри ҳақойиқ,
Чу ба сар бояд рафтан, чӣ кунам пойи давонро!
Ба силоҳи аҳадӣ ту, раҳи моро бизадӣ ту,
Ҳама рахтам ситадӣ ту, чӣ диҳам боҷситонро?!
Зи шуъоъи маҳи тобон, зи хами турраи печон
Дили ман шуд сабук, ай ҷон, бидиҳ он ратли гаронро!
Манигар ранҷу балоро, бинигар ишқу валоро,
Манигар ҷавру ҷафоро, бинигар сад нигаронро!
Ғамро лутф лақаб кун, зи ғаму дард тараб кун,
Ҳам аз ин хуб талаб кун фараҳу амну амонро!
Биталаб амну амонро, бигузин гӯши гаронро,
Бишунав роҳдиҳонро, макушо роҳи даҳонро!