Ту Ҳар Ҷузви Ҷаҳонро Баргузар Бин – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ту ҳар ҷузви ҷаҳонро баргузар бин,
Ту ҳар якро расида аз сафар бин!
Ту ҳар якро ба тамъи рӯзии худ
Ба пеши шоҳи худ бинҳодасар бин!
Мисоли ахтарон аз баҳри тобиш
Фитода оҷиз андар пойи х(в)ар бин!
Мисоли селҳо дар ҷустани об
Ба сӯйи баҳрашон зеру забар бин!
Барои ҳар яке аз матбахи шоҳ
Ба қадри ӯ ту хони муътабар бин!
Ба пеши ҷоми баҳрошоми эшон
Ту дарёи ҷаҳонро мухтасар бин!
Ва онҳоро, ки рӯзӣ рӯйи шоҳ аст,
Зи ҳусни шаҳ даҳоншон пуршакар бин!
Ба чашми Шамси Табрезӣ ту бингар,
Яке дарёи дигар пургуҳар бин!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *