Фақрро Дар Хоб Дидам Дӯш Ман – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Фақрро дар хоб дидам дӯш ман,
Гаштам аз хубии ӯ беҳуш ман!
Аз ҷамолу аз камоли лутфи фақр
То саҳаргаҳ будаам мадҳуш ман!
Фақрро дидам мисоли кони лаъл,
То зи рангаш гаштам атласпӯш ман!
Бас шунидам ҳоюҳуйи ошиқон,
Бас шунидам бонги нӯшонӯш ман!
Ҳалқае дидам, ҳама сармасти фақр,
Ҳалқаи ӯ дидам андар гӯш ман!
Бас бидидам нақшҳо дар нури фақр,
Бас бидидам нақши ҷон дар рӯ-ш манҷ
Аз миёни ҷони мо сад ҷӯш хост,
Чун бидидам баҳрро дар ҷӯш ман!
Сад ҳазорон наъра мезад осмон,
Ай ғуломи ҳамчунон човуш ман!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *