Набувад шабе, ки оям зи миёни кор, гӯям!
Зи миёни ӯ мақомам камар асту кӯҳу саҳро,
Биҷаҳам аз ин миёну сухани канор гӯям!
Зи фироқи гулситонаш чу дар имтиҳони хорам,
Бираҳам зи хор чун гул, сухан аз ҳазор гӯям!
Ҳама бонги зоғ ояд ба харобаҳои баҳман,
Бираҳам аз ин чу булбул, сифати баҳор гӯям!
Гираҳе зи нақди ғунча биниҳам ба пеши савсан,
Сифате зи ранги лола ба бунафшазор гӯям!
Бикашад зи кибр доман дили ман, чу дилбар ояд,
Бидарад назар гиребон, чу зи интизор гӯям!
Биниҳад кулоҳ аз сар хуми хоси хусравонӣ,
Биҷаҳад зи миҳр соқӣ, чу ман аз хумор гӯям!