Халқро Зери Гунбади Даввор – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Халқро зери гунбади даввор
Чашмҳо кӯру диданӣ бисёр!
Ҷаври ӯ каш, аз он ки шӯриши дил
Нури чашм аст, ё улулабсор!
Бар ду дида ниҳам ғамат, к-ин дард
Доруйи хоси хусравист ба бор!
Боғи ҷон хуш зи сангборон аст,
Мо нахоҳем қатра санг бибор!
Шамси Табрез гавҳари ишқ аст,
Гавҳари ишқро ту хор мадор!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *