Хез Сабӯҳӣ Куну Дардиҳ Сало – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Хез, сабӯҳӣ куну дардиҳ сало,
Хез, ки субҳ омаду вақти дуъо!
Кӯза пур аз май куну дар коса рез,
Хез, мазан хунбаку хум баркушо!
Давр бигардону маро диҳ нахуст,
Ҷони маро тоза кун, ай ҷонфазо!
Хез, ки аз ҳар тарафе бонги чанг
Дар фалак андохт нидову садо!
Тантани тантан шунаву тан мазан,
Вақти ту хуш, ай қамари хушлиқо!
Дар сарам афкан майу побанд кун,
То наравам беҳуда аз ҷо ба ҷо!
З-он кафи дарёсифати дурнисор
Об дарандоз чу киштӣ маро!
Пораи чӯбе будаму аз кафат
Гаштаам, ай Мӯсии ҷон, аждаҳо!
Озари вақтам, ба дамат, ай Масеҳ,
Ҳашр шудам аз таги гӯри фано!
Ё чу дарахтам, ки ба амри расул
Бехкашон омадам андар фало!
Ҳам ту бидиҳ, ҳам ту бигӯ з-ин сипас
Ай даҳану каффи ту ганҷи бақо!
Хусрави Табрез туйӣ, Шамси дин,
Сарвари шоҳони ҷаҳони уло!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *