Хоҷа Ғалат Кардайӣ Дар Сифати Ёри Хеш – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Хоҷа, ғалат кардайӣ дар сифати ёри хеш,
Сустгумон будаӣ оқибати кори хеш!
Дар ҳаваси гулрухон сустзанах гаштайӣ,
Ҳой, агар дидайӣ рӯйи чу гулнори хеш!
Роҳзанон ишқро марг лақаб кардаанд,
То ту билангӣ зи бим аз раҳу рафтори хеш!
Гӯш биниҳ, то ки ман ҳалқа ба гӯшат кунам,
Ҳастам аз он ҳалқа ман сер зи гуфтори хеш!
Пеши ман о, ки хушам, то ба барат даркашам,
Чун зи туам мерасад туҳфаи дилдори хеш!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *