Сабри ту ку, ай собир, ай ҳама сабру тамкин?!
Мо ду-се каси нав мурда, мунтазири он парда,
Зинда шавем аз талқин, бозраҳем аз такфин.
Ҳин, ба салаф нафхе кун пештар аз явмиддин,
То шунавад чархи фалак аз ҳашари ту таҳсин!
Ҳай ба забони мо магӯ, рамз магӯ, пайдо гӯ,
Чанд хурӣ хун ба ситам, ай ҳама хубат хунин!
Чанд газӣ бар ҷигараш, чанд кунӣ қасди сараш,
Чанд диҳӣ бад хабараш, кор чунин асту чунин!
Чанд кунӣ талхлабаш, чанд кунӣ тирашабаш,
Ай лаби ту ҳамчу шакар, ай шаби ту хулди барин!
Ҳеч асал заҳр диҳад ё зи шакар сирка ҷаҳад?!
Мағлата то чанд диҳӣ, ай ғалатандози миҳин!
Ҳар чи кунӣ, он лаби ту бошад ғаммози шакар,
Ҳар ҳаракат, ки ту кунӣ, ҳаст дар он лутфи дафин!
Сарв чу монад ба хасе, зар ба чи монад?! Ба мисе!
Тавба чи монӣ ба касе, ай малики явмиддин!