Шабам зи бом ба ҳуҷра, зи ҳуҷра то сари кӯ!
Шаб ончунону пагоҳ омада, ки ҳай бархез,
Гирифта гӯши маро сахт ҳамчу гӯши сабӯ!
Зи ҳар чи пур кунадам, ман сабӯйи таслимам,
Сабӯ асири сақо аст, чун гурезад аз ӯ?!
Ҳазор бор сабӯро ба санг бишкаст ӯ,
Шикасти ӯ хушам ояд зи шавқу завқи руфӯ!
Сабӯ супурда бувад гӯш бо ҳазорон дил,
Бад-он ҳавас, ки хурад ғӯта дар миёнаи ҷӯ!