Ҳам дилам қаллобу ҳам дил сиккаи шаҳ мезанад!
Ҳам дилам афғонкунон гӯяд, ки роҳи ман занад,
Ҳам дили ман роҳи айёрони аблаҳ мезанад!
Ҳам дили ман ҳамчу шаҳна толиби дуздон шуда,
Ҳам дили ман ҳамчу дуздон нимашаб раҳ мезанад!
Гаҳ чу ҳукми Ҳақ дили ман қасди сарҳо мекунад,
Гаҳ чу мурғи сарбурида Аллаҳ-Аллаҳ мезанад!