Ҳамчу Гули Сурх Бирав Даст – Даст – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҳамчу гули сурх бирав даст – даст,
Ҳамчу майӣ, халқ зи ту маст, маст!
Бозуи ту қавси Худо ёфт, ёфт,
Тири ту аз чарх бурун ҷаст, ҷаст!
Ғайрати ту гуфт: “Бирав, роҳ нест!”,
Раҳмати ту гуфт: “Биё ҳаст, ҳаст!”
Лутфи ту дарёст, манам моҳияш,
Ғайрати ту сохт маро шаст, шаст!
Марҳами ту толиби маҷрӯҳҳост,
Нест ғам, ар шасти туам хаст, хаст!
Ай ки ту наздиктар аз дам ба ман,
Дам назанам пеши ту ҷуз паст-паст!
Гарчи яке Юсуфу сад гург буд,
Аз дами Яъқуб карам раст, раст!
Маст ҳамегард дар ин шаҳри мо,
Дузду асасро шаҳи мо баст, баст!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *