Ҳар Чи Кунӣ Ту Кардайи Ман Дон – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҳар чи кунӣ ту, кардайи ман дон,
Ҳар чи кунад тан, карда бувад ҷон!
Чашми манӣ ту, гӯши манӣ ту,
Ин ду бигуфтам, боқӣ медон!
Гар ба ҷаҳон он ганҷ набудӣ,
Баҳри чӣ будӣ хонаи вайрон?!
Ганҷ талаб кун, ай падари ман,
Даст биҷунбон, даст биҷунбон!
Бӯйи хуши ӯ раҳбари мо шуд,
То гулу райҳон, то гулу райҳон!
Зарра ба зарра муштарияндат,
Гавҳари худро, ҳин, мадиҳ арзон!
Муш дарояд, гурба дарояд,
Гар бикушойӣ ту сари анбон!
Ишқ чу бошад, кам нашавад ҷон,
Дур мабодо сояи ҷонон!
Боқии инро ҳам ту бигӯйӣ,
Ай маҳи маҳрӯ, Зуҳраи тобон!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *