Ҳар Чи Он Сар Хуш Кунад Бӯйе Бувад Аз Ёри Ман – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҳар чи он сар хуш кунад, бӯйе бувад аз ёри ман,
Ҳар чи дил вола кунад, он партави дилдори ман!
Хокрову хокиёнро ин ҳама ҷӯшиш зи чист?!
Рехт бар рӯйи замин як ҷуръа аз хаммори ман!
Ҳар киро афсурда дидӣ, ошиқи кори худ аст,
Мангар андар кори хешу бингар андар кори ман!
Дар баҳорон гашт зоҳир ҷумла асрори замин,
Чун баҳори ман биёяд, бардамад асрори ман!
Чун ба гулзори замин хори замин пӯшида шуд,
Хор-хори ман намонад, чун дамад гулзори ман!
Ҳар ки бемори хазон шуд, шарбате хӯрд аз баҳор,
Чун баҳори ман бихандад, барҷаҳад бемори ман!
Чист ин боди хазонӣ?! Он дами инкори ту!
Чист он боди баҳорӣ?! Он дами иқрори ман!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *