Ҳаст Масте Ки Маро Ҷониби Майхона Барад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҳаст масте, ки маро ҷониби майхона барад,
Ҷониби соқии гулчиҳраи дурдона барад!
Ҳаст масте, ки кашад гӯши маро ёрона,
Аз чунин саффи ниъолам суйи пешона барад!
Наъл он аст, ки бӯсагаҳи ӯ хок бувад,
Лаъл он аст, ки сӯйи майу паймона барад!
Ҷон супорем, бад-он бодаи ҷон даст ниҳем,
Пештар з-он ки хирадмон суви афшона барад!
Шох-шох аст дил аз ранги сари зулфи хушаш,
То чаро банди чунон мӯй сари шона барад?!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *