Ҷамъи Ту Дидам Пас Аз Ин Ҳеч Парешон Нашавам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҷамъи ту дидам, пас аз ин ҳеч парешон нашавам,
Роҳи ту дидам, пас аз ин ҳамраҳи эшон нашавам!
Ай ки ту шоҳи чаманӣ, сер кунӣ сад чу мане,
Чашму дилам сер кунӣ, сухраи ин хон нашавам!
Каъба чу омад суйи ман, ҷониби Каъба наравам,
Моҳи ман омад ба замин, қосиди кайвон нашавам!
Фарбиҳу пурбоди туам, масту хушу шоди туам,
Бандаи озоди туам, бандаи шайтон нашавам!
Шоҳи заминиву замон, ҳамчу хирад фошу ниҳон,
Пеши ту, ай ҷону ҷаҳон, ҷумла чаро ҷон нашавам?!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *