Чаманӣ Ки Ҷумла Гулҳо Ба Паноҳи Ӯ Гурезад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Чаманӣ, ки ҷумла гулҳо ба паноҳи ӯ гурезад,
Ки дар ӯ хазон набошад, ки дар ӯ гуле нарезад!
Шаҷарӣ хушу хиромон ба миёнаи биёбон,
Ки касе ба сояи ӯ чу бихуфт, маст хезад!
Фалакӣ чу осмонҳо, ки бад-ӯст қасди ҷонҳо,
Ки Зуҳал наёрад он ҷо, ки ба Зуҳра барситезад!
Гуҳаре латифконӣ ба макони ломаконӣ,
Ба вай аст ишорати дил, чу ду дида ашк безад!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *