Гирди фалак гардад чун осиё!
Гирди чунин Каъба кун, ай ҷон, тавоф,
Гирди чунин мойида гард, ай гадо!
Бар масали гӯй ба майдон-ш гард,
Чунки шудӣ сархуши бедасту по!
Аспу рухатрост бар ин шаҳ тавоф,
Гарчи бар ин натъ равӣ ҷо ба ҷо!
Хотами шоҳӣ – т дар ангушт кард,
То ки шавӣ ҳокиму фармонраво!
Ҳар ки ба гирди дил орад тавоф,
Ҷони ҷаҳоне шаваду дилрабо!
Ҳамраҳи парвона шавад дилшуда,
Гардад бар гирди сари шамъҳо!
З – он ки танаш хокиву дил оташист,
Майл суйи ҷинс бувад ҷинсро!
Гирди фалак гардад ҳар ахтаре,
З – он ки бувад ҷинси сафо бо сафо!
Гирди фано гардад ҷони фақир
Бар масали оҳану оҳанрабо!
З – он ки вуҷуд аст фано пеши ӯ,
Шуста назар аз ҳавалу аз хато!
Маст ҳаме кард вузӯ аз кумиз,
К – аз ҳадасам бозраҳон, Раббано!
Гуфт: “Нахустин ту ҳадасро бидон,
Кажмажу мақлуб набояд дуъо!
З – он ки калид асту чу каж шуд калид,
Во шудани қулф наёбӣ ато!”
Хомуш кардам, ҳамагон барҷаҳид,
Қомати чун сарви бутам зад сало!
Хусрави Табрез, шаҳам Шамси дин
Бастам лабро, ту биё, баркушо!