Бом чӣ бошад, бигӯ, бар фалаки сабзфом!
То қамаре ҳамчу ҷон ҷилва шавад ногаҳон,
Сад маҳу сад офтоб чиҳраи ӯро ғулом.
Аз ҳаваси ишқи ӯ чарх занад нуҳ фалак
В-аз майи ӯ ҷону дил нӯш кунад ҷом-ҷом!
Чун ба таҷаллӣ битофт, ҷониби ҷонҳо шитофт,
Бодаи ҷон шуд мубоҳ, хӯрдану хуфтан ҳаром!
Гуфт ҷаҳони салим: !Чист хабар, ай насим?!,
Гуфт: “Надорам зи бим ҷуз нафасе, вассалом!”.