Чандон Ҳаловату Мазаву Мастиву Кушод – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Чандон ҳаловату мазаву мастиву кушод
Дар чашмҳои масти ту наққош чун ниҳод?!
Чашмат биёфарид ба ҳар дам ҳазор чашм,
Зеро Худо зи қудрати худ қудраташ бидод!
В-он ҷумла чашмҳо шуда ҳайрони чашми ту,
Ки сад ҳазор раҳмат бар чашмҳо-т бод!
Бар тахти салтанат бинишастаст чашми ту,
Ҳар ҷон, ки дид чашми туро, гуфт: “Дод, дод!”.
Гуфтам, ки чашми чарх чунин чашм ҳеч дид?!
Савганд хӯрду гуфт: “Маро нест ҳеч ёд!”
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *