Ҷафо Аз Сар Гирифтӣ Ёд Медор – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҷафо аз сар гирифтӣ, ёд медор!
Накардӣ, он чи гуфтӣ, ёд медор!
Бигуфтӣ: “То қиёмат бо ту ҷуфтам”,
Кунун бо ҷавр ҷуфтӣ, ёд медор!
Маро бедор дар шабҳои торик
Раҳо кардиву хуфтӣ, ёд медор!
Ба гӯши хасм мегуфтӣ суханҳо,
Маро дидӣ, ниҳуфтӣ, ёд медор!
Нагуфтӣ: “Хор бошам пеши душман”?!
Чу гул бо ӯ шукуфтӣ, ёд медор!
Гирифтам доманат, аз ман кашидӣ,
Чунин кардиву рафтӣ, ёд медор!
Ҳамегӯям итобе ман ба нармӣ,
Ту мегӯйӣ ба зафтӣ, ёд медор!
Фитодӣ борҳо, дастат гирифтам,
Дигарбора бияфтӣ, ёд медор!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *