Ҷон додаам, валек ҷаҳоне харидаам!
Рӯям чу заргар аст, аз ӯ ин сухан шунав:
“Додам қурозае зару коне харидаам!”.
Аз чашми турки дӯст чи тире, ки хӯрдаам,
В-аз тоқи абруяш чи камоне харидаам!
Бо халқ баста-баста бигӯям ман ин ҳадис,
Бо кас нагӯям: “Ин зи фалонӣ харидаам!”.
Ҳарчанд безабон шуда будам чу моҳие,
Дидам шакарлабеву забоне харидаам!
Ногоҳ чун дарахт бирустӣ миёни боғ,
З-он боғи бенишона нишоне харидаам!
Гуфтам миёни боғи худ: “Онро миёна нест!”,
Лек аз миён нестмиёне харидаам!
Кардам қирон ба мафхари Табрез – Шамси дин,
Берун зи ҳар ду қарн қироне харидаам!