Ҷон Пеши Ту Ҳар Соъат Мерезаду Мерӯяд – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҷон пеши ту ҳар соъат мерезаду мерӯяд,
Аз баҳри яке ҷон кас чун бо ту сухан гӯяд?!
Ҳар ҷо, ки ниҳӣ пое, аз хок бирӯяд сар,
В-аз баҳри яке сар кас даст аз ту куҷо шӯяд?!
Рӯзе, ки бипаррад ҷон аз лаззати бӯйи ту,
Ҷон донаду ҷон донад, к-аз дӯст чӣ мебӯяд!
Як дам, ки хумори ту аз мағз шавад камтар,
Сад навҳа барорад сар, ҳар мӯй ҳамемӯяд.
Ман хона тиҳӣ кардам, к – аз рахти ту пардозам,
Мекоҳам, то ишқат афзояду афзӯяд!
Ҷонам зи пайи ишқи Шамсулҳақи Табрезӣ
Бе пой чу киштиҳо дар баҳр ҳамепӯяд!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *