Ҷонам Ба Чӣ Оромад Ай Ёр Ба Омезиш – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҷонам ба чӣ оромад, ай ёр! Ба омезиш!
Сиҳҳат ба чӣ дарёбад бемор?! Ба омезиш!
Ҳарчанд ба бар гирӣ, ӯро набувад серӣ,
Донӣ, ба чӣ биншинад ин бор?! Ба омезиш!
Он ташнаи даҳрӯза кай биҳ шавад аз кӯза,
Илло, ки кунад обаш хушхор ба омезиш!
Дар васл ту меҷӯяд в-аз шарм намегӯяд,
К-имсол тараб хоҳад чун пор ба омезиш!
Зеро ки ба омезиш як хишт шавад қасре,
Зеро ки шавад ҷома яктор ба омезиш!
Андар чамани ишқат, Шамсулҳақи Табрезӣ,
Сад гулшану гул гардад як хор ба омезиш!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *