Ин ду, ки ҳар ду якест, ҷуз ки ҳамон як мабод!
Фард чаро шуд адад?! Аз сабаби хӯйи бад,
З-оташ боде бизод, дар сари мо рафт бод!
Гашт ҷудо мавҷҳо, гарчи буд аввал яке,
Аз сабаби бод буд, он ки ҷудойӣ бизод!
Ҷоми дуйӣ даршикан, бода мадиҳ бодро,
Чун ду шавад подшоҳ, шаҳр равад дар фасод!
Рӯз фазилат гирифт, з-он ки яке шамъ дошт,
Ҳар тарафе шаб зи аҷз шамъу чароғе ниҳод.
Гарчи зи Раббулъибод ҳар нафасе раҳмат аст,
Кай бувад он дам, ки Раб монаду фонӣ ибод?!