Ба ҳар дам ҳадя моро даҳ ҳазор аст!
Ки моро нардбон заррину симин
Ниҳад, чун қасди мо бар боми ёр аст!
Бало дуррест дар олам ниҳонӣ,
Ки бар мо ганҷу бар бегона мор аст!
Ба пеши мо хазинай сим машмар,
Ки моро зарру сими бешумор аст!
Зи парвона агар ин ифтиро буд,
Дусад чандин зи дасти шаҳрёр аст!