Чу Раъду Барқ Механдад Санову Ҳамд Мехонам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Чу раъду барқ механдад, санову ҳамд мехонам,
Чу чархи соф пурнурам, ба гирди моҳ гардонам!
Забонам уқдае дорад чу Мӯсо, ман зи фиръавнон,
Зи рашки он ки фиръавне хабар ёбад зи бурҳонам!
Фурӯ бандед дастамро, чу дарёбед ҳастамро
Ба лашкаргоҳи фиръавне, ки ман ҷосуси султонам!
На ҷосусам, на номусам, ман аз асрори қуддусам,
Раҳо кун, чунки сармастам, ки то лофе бипарронам!
Зи бода бод мехезад, ки бода бод ангезад,
Хусусан, инчунин бода, ки ман аз вай парешонам!
Ҳама зуҳҳоди оламро агар бӯйе расад з-ин май,
Чи вайронӣ падид ояд, чи гӯям ман, намедонам?!
Чи ҷойи май, ки гар бӯйе аз он анфоси сармастон
Расад дар сангу дар мармар, билофад, к-оби ҳайвонам!
Вуҷуди ман азабхона-сту он мастон дар ӯ ҷамъанд,
Дилам ҳайрон, к-аз эшонам, аҷаб, ё худ ман эшонам!
Агар ман ҷинси эшонам, вагар ман ғайри эшонам,
Намедонам, ҳамин донам, ки ман дар рӯҳ райҳонам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *